Р. Раҳимов: «Ягон ҷинояти содиршуда аз қайд берун намонад»
Душанбе, 30 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- 29 январи соли 2013 вазири корхои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов бо сардорони шуъбаҳои Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд ҷаласаи корӣ доир намуд ва диққати ҳозиринро ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷаласаи Шӯрои амният баён гардид, ҷалб намуд. Мавсуф ҳозиринро таъкид намуд, ки ба ҳолати бақайдгирии ҷиноятҳо диққати махсус диҳанд, то ягон ҷинояти содиршуда аз қайд берун намонад.Инчунин оид ба ҳолати фаврият дар вилояти Суғд гуфт, ки дар натиҷаи ҳушёриву зиракии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва бо кӯмаку дастгирии шаҳрвандон чанд нафар аъзои гуруҳҳои террористӣ дастгир ва безарар гардонида шуданд.Бо супориши вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимов кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ки дар ин амалиёт иштирок намуда, маҳорати баланди касбӣ нишон доданд ва шаҳрвандоне, ки дар дастгир ва безарар гардонидани аъзои гуруҳҳои террористӣ ба онҳо мусоидат намудаанд, ҳавасманд гардонида шуданд.Сафари кории вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов дар вилояти Суғд идома дорад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






