Садамаи нақлиётӣ боиси марги шаҳрванд гардид
Душанбе, 3 январ. (АМИТ «Ховар». Зарангез Латифова).- Дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ як шаҳрванди кишвар ҷони худро аз даст дод. Тибқи иттилои хадамоти матбуоти ВКД ронандаи мошини тамғаи «ДЕУ-Дамас» Соҳибҷон Раҳимқулови 23- сола, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҳангоми ҳаракат дар ҷамоати деҳоти Исмоили ноҳияи мазкур бехатарии воситаи нақлиётро риоя накарда, ба дарахти канори роҳ бархӯрдааст. Соҳибҷон Раҳимқулов, ронандаи мошин дар натиҷа ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Мусофири мошин Шавкат Холмирзоеви 23- сола, сокини кӯчаи Ленини ҳамин ноҳия ҳангоми ҳодисаи мазкур ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






