Ширкати Қ.Қоимдодов дар вохӯрии сафирони хориҷӣ дар Литва

Январь 22, 2013 11:58

Маскав, 22 январ.(АМИТ«Ховар», Ҳалима Хушқадамова).- Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Литва Қозидавлат Қоимдодов 21 январ ҳамроҳ бо сафирони давлатҳои хориҷие, ки дар Литва мустақаранд, дар вохӯрии ҳарсолаи Президенти Литва Дали Грибаускайте иштирок намуд.Д. Грибаускайте зимни суханронии худ самтҳои асосии сиёсати берунии Литва, аз қабили ҳамгироии амиқи аврупоӣ, ҳамкории самарабахш дар чаҳорчӯби Иттиҳоди Аврупо ва Созмони Шартномаи Атлантикаи Шимолӣ, барқарорӣ ва рушди минбаъдаи муносибатҳои қобили қабулро дар асоси ҳамкории баробар бо давлатҳои ҳамсоя махсус зикр кард. «Дар рӯзномаи сиёсати берунии Литва дар соли ҷорӣ раёсат дар Шӯрои Иттиҳоди Аврупо мақоми муҳимро ишғол мекунад»,-таъкид намуд Д. Грибаускайте.Сафирони кишварҳои хориҷиеро, ки дар Литва мустақаранд, Сарвазири Литва Алгирдас Буткявичюс низ ба ҳузур пазируфта, онҳоро бо вазъияти иҷтимоию иқтисодӣ ва нақшаҳои минбаъдаи рушди кишвар ошно сохт. Дар ин бора ба мухбири махсуси АМИТ «Ховар» дар ФР аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус хабар доданд.

Январь 22, 2013 11:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон