Содироти маҳсулоти кишоварзӣ афзуд

Январь 18, 2013 11:15

Душанбе, 18 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Дар соли 2012 ба хориҷи кишвар зиёда аз 8021,1 тонна молу маҳсулоти кишоварзӣ содирот шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2011 қариб 2102,2 тонна зиёд аст.. Зимни нишасти матбуотӣ раиси Иттифоқи «Тоҷикматлубот» Сироҷиддин Валиев иброз дошт, ки дар соли сипаригашта ба Федератсияи Русия 3 ҳазору 954,8 тонна пиёз, 430 тонна мева, 130 тонна меваи хушк содирот гардид. Инчунин дар ин давра ба Афғонистон, Қазоқистон ва Қирғизистон маҳсулоти кишоварзӣ содирот шуд. «Мо ният дорем, ки дар соли 2013 ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатиро ба дигар давлатҳо зиёд ба роҳ монем ва шарикони боэътимоди худро пайдо кунем», — афзуд С. Валиев. Иттифоқи Тоҷикматлубот дар соли 2012 ба воситаи ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ қариб 1,5 ҳазор тонна маҳсулот ба сокинони ҷумҳурӣ бо нархи нисбат ба бозор арзонтар пешкаш намуд.

Январь 18, 2013 11:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст