Таъсиси «Маркази таблиғот ва таҳлил»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
Душанбе, 14 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Тибқи дастуру супориши роҳбарияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз аввали моҳи январи соли 2013 дар назди дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Маркази таблиғот ва таҳлил» созмон дода шуд. Тавре ки аз дастгоҳи марказии ҳизб иттилоъ доданд, ба зиммаи маркази мазкур самти таблиғотии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, корҳои таҳлилӣ ва идораи сомонаи ҳизб «www.tribun.tj» вогузор шуда, мутахассисони соҳаи иқтисод, сиёсат ва журналистика ба кор ҷалб шуданд. Ба вазифаи роҳбари «Маркази таблиғот ва таҳлил» Адҳам Мирсаидов, ки қаблан дар вазифаи мудири шуъбаи кор бо ҷавонони дастгоҳи иҷроияи марказии ҳизб фаъолият мекард, таъин гардид. Бояд тазаккур дод, ки сомонаи ҳизб низ дар айни ҳол дар ҳолати навсозӣ қарор дошта, рӯзҳои наздик бо тарҳи нав мавриди истифода қарор мегирад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






