Татбиқи лоиҳа вазъи таъминот бо обро беҳтар намуд

Январь 11, 2013 09:40

Душанбе, 11 январ. (АМИТ Ховар, Зарангез Латифова).- Масъалаи таъмини оби ошомиданӣ аз масълаҳои муҳими имрўзаи ҷомеа ба ҳисоб меравад.Тавре ки дар нишасти матбуотӣ ба рўзноманигорон сардори КВД «Хоҷагии манзиливу коммуналӣ» Алимурод Тағоймуродов иброз дошт: «Дар айни ҳол дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ мувофиқи лоиҳаи «Рушди инфрасохтори маҳаллӣ (коммуналӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» татбиқ мешавад, ки он аз тарафи Бонки ҷаҳонӣ маблағгузорӣ шуда, маблағи умумии лоиҳа 16 млн. 500 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад». Дар ҷараёни татбиқи лоиҳаи мазкур барои 8 шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ : Қурғонтеппа , Кўлоб , Данғара , Восеъ, Ғарм (Рашт), Ваҳдат, Конибодом, ва Истаравшан 41 адад мошину таҷҳизоти махсуси коммуналӣ ва 900 адад қуттии партовҷамъкунӣ харид шуда, дар маҷмуъ ба маблағи 17 млн. 415,3 ҳазор доллари ИМА корҳо ба анҷом расидаанд. Дар натиҷаи татбиқи амалии лоиҳаи мазкур ҳолати санитарии шаҳру навоҳии пилотӣ хеле беҳтар гардида, таъмини истифодабарандагон бо оби нўшокӣ дар ин манотиқ беҳтар гардидааст. Инчунин бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри дар амал татбиқ шудани ин лоиҳа аз тарафи Бонки ҷаҳонӣ ҳавасмандӣ изҳор гардид ва барои барқарорсозии системаҳои обтаъминкунии ноҳияҳои Восеъ ва Фархор байни КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва Бонки ҷаҳонӣ ҷиҳати ҷудо намудани маблағи 11млн. доллари ИМА мувофиқа ба даст омад ва дар ин бобат байни тарафҳо Созишнома ба имзо расид. Татбиқи лоиҳаи мазкур се сол идома меёбад ва он моҳи августи соли 2015 ба анҷом мерасад. Дар ин самт корҳо оғоз гардидаву идома доранд.

Январь 11, 2013 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд