Тоҷикистон — дарвозаи нав ба ҷаҳон

Январь 18, 2013 17:57

Душанбе, 18 январ. (АМИТ «Ховар»). — Тавре ки иттилоъ додем, чанде пеш бо дастури роҳбарияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар назди дастгоҳи иҷроияи ҳизби мазкур Маркази таблиғот ва таҳлил созмон ёфта, ба он мутахассисони соҳаи сиёсат, иқтисод ва журналистика ба кор ҷалб шуданд. Бо назардошти он ки чанде пеш Ҷумҳурии Тоҷикистон ба узвияти Созмони умумиҷаҳонии савдо (СУС) пазируфта шуд, тасмим гирифтем перумони масъалаи «Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии савдо» бо коршиноси Маркази таблиғот ва таҳлили дастгоҳи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои макроиқтисодии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирсаидов Аброр Бобоевич суҳбат анҷом диҳем, ки фушурдаи онро ба хонандагон пешкаш менамоем. — Устод ба андешаи Шумо бурду бохти Тоҷикистон аз узвият дар СУС кадомҳоянд? — Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо чун як узви комилҳуқуқ дар муносибатҳои ҷаҳонӣ, бахусус иқтисоди ҷаҳонӣ 11 декабри соли 2012 аъзои Созмони умумиҷаҳонии савдо гардид. Ин ҳаводиси таърихӣ, пеш аз ҳама ҳосили талошҳои пайгирона ва ҷасорати бузурги Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, зеро тайи беш аз даҳ сол масъалаи шомил шудан ба ин Созмон дар майдони баҳсу ақидахои мухталифи коршиносону сиёсатмадорони ҳам дохилӣ ва ҳам беруна қарор дошт. Ин ақидаҳо табиист, ки аз нигоҳи манфиатҳои иқтисодии гуруҳӣ, соҳавӣ, бахшҳои алоҳидаи фаъолият ва ғайра арзёбӣ мегардид. Масалан, намояндагони соҳибкорони хурду миёна оид ба тақдири ояндаи фаъолияти худ, ки фишори талаботи бозори ҷаҳонӣ (надоштани рақобапазириро) эҳсос мекарданд, андеша мекарданд. Бархе соҳибкорону корхонаҳои азим, сектори молиявию бонкӣ аз шикаст ёфтани вазъи монополӣ дар бозори дохилӣ ҳарос доштанд ва вобаста ба ин ақидаҳои мухталиф иброз мекарданд. Субъектҳое, ки дар бахши сектори ғайрирасмӣ фаъолият доранд, аз талаботи СУС ҷиҳати шафофияти фаъолият ва иттилои дақик оид ба тиҷорат дар изтироб буда, бештар аз ин созмон нуқсон меҷӯянд ва фақат тарафҳои манфии онро эълон медоранд. Баръакс, он соҳибкорон ва бахшҳои иқтисодӣ, ки фаъолияти худро пайваста бо тақозои бозори ҷаҳонӣ роҳандозӣ намуданд, яъне корхонаҳои худро бо таҷҳизоту технолгияҳои муосир ҷиҳозониданду истеҳсоли молу хизматҳои рақобатпазир ва воридотивазкунандаро ба роҳ монданд, афзалиятҳои аъзогиро ба СУС дарк менамуданд. Албатта, заминаи ин ақидаҳоро манфиатҳои соҳагӣ ташкил медод. — Дар доираи фаъолият дар СУС иқтисоди миллӣ чӣ манфиат мебинад ва рақобатпазирӣ то кадом дараҷа фаъол мешавад? — Манфиати иқтисоди миллиро фаъолияти Ҳукумати ҷумҳурӣ ифода мекунад ва онро ҳифз мекунад. Масъалаи асосӣ дар ин ҷода таъмини рақобатпазирии иқтисоди миллӣ мебошад. Рақобатпазирии он маҳз дар натиҷаи иштирок дар мубодилоти ҷаҳонӣ муаяйн мегардад. Яъне, дар натиҷаи тақозои натиҷаҳои фаъолияти иқтисодӣ, ки дар раванди мубодилот сурат мегирад, мо метавонем ба худ баҳо диҳем ва хулоса барорем. Воқеан ҳам, мубодилот муҳаррики тавони иқтисодӣ аст ва маҳз дар раванди он ҳавасмандӣ ангезиш меёбад, васеъгардии истеҳсолт сурат мегирад. Вакте ки мегӯянд: «илми иқтисодӣ на аз истеҳсолот, балки аз мубодилот, тиҷорат ибтидо мегирад», бояд ба ин ақида ҳамраъйӣ зоҳир кард.( Ниг. Брагинский С.В.,Певзнер Я.А. Политическая экономия: дисскусионная прблема, пути обновления. М.: Мысль,1991 с.27. ). Маҳз мубодилот буд, ки кишварҳои олам, субъектҳои иқтисодии онҳо арзиши натиҷаҳои фаъолияти худро чен намуда дар боло бардоштани он кӯшиш ба харҷ дод, дар рақобат бархӯрд ва дар ҳамин ҷараён иқтисоди ҷомеа инкишоф ёфт. Аз ин лиҳоз, ҳар як субъекти иқтисодии мамлакат фаъолияти худро бояд бо талаботи бозори ҷаҳонӣ мутобиқ созад, дар мавриди тарҳрезиву оғози кори нав, ки ҳадафи тавлиди молу хизмати ниҳоиро дорад, тафаккури содиротиро пеша намояд. Маҳз дар ин раванд бозори дохилӣ, иқтисоди миллӣ низ ғанӣ мегардад. Гумон мекунем, чунин фаъолиятро аъзогӣ дар СУС суръат мебахшад. Бинобар ин мо тасмим гирифтем, ки бори дигар хонандагонро бо моҳияту аслҳои фаъолияти СУС шинос намоем. Ҳадафи асосии СУС-ро истифодаи самараноки тамоми захираҳои рӯи замин ташкил медиҳад, зеро захираҳои табиӣ дар тамоми гӯшаи олам ва кишварҳо нобаробар тақсим шудаанд. Масалан, Туркманистон аз захираҳои нафтиву газӣ бой аст, аммо Тоҷикистон аз захираҳои обу гидроэнергетикӣ ғанӣ мебошад. Пас, густариши мубодилоти ҷаҳонӣ истифодаи самараноки ҳамаи ин захираҳоро таъмин менамояд. — Фаъолияти СУС дар кадом заминаҳо рушд мекунад? — Фаъолияти СУС ба аслҳои зерин такя дорад: фароҳам овардани шароити мусоиди афзалиятнок барои тиҷорату ҳаракати озоди молу хизматҳо дар арсаи ҷаҳон; либерализатсияи савдои ҷаҳонӣ; тартиботи ягона дар низоми боҷи гумрукӣ; таъмини истифодаи самараноки захираҳои тавлидии тамоми кишварҳои аъзо; эҳтироми низоми миллии савдои кишварҳои аъзо; таъмини рақобати солим дар савдои ҷаҳонӣ; фароҳам овардани шароитҳои имтиёзӣ барои кишварҳои рӯ ба тараққӣ. СУС дар давоми фаъолияти худ пеш аз ҳама, аслҳои роҳ надоданро ба тафриқагароӣ (дискриминация) доир ба тиҷорату ҳаракати молҳо дар доираи аъзои худ чун вазъи гиреҳӣ эълон доштааст. Заминаи фаъолияти СУС-ро, пеш аз ҳама тартиботи (режими) шароити мусоиду афзалиятнок ташкил медиҳад. Яъне, давлатҳои аъзо уҳдадор ҳастанд, ки дар мавриди табодули молу хизматҳо бо кишварҳои аъзо шароити мусоид фароҳам оваранд: ягон кишвари аъзо набояд барои як мамлакат афзалияти тиҷоратӣ ва барои дигаре тадбирҳои маҳдудкунандаи махсус, яъне тафриқаандозӣ қабул намояд. Аммо, ин ҷо баъзе истисноҳо дар масоили иттиҳодияҳои гумрукӣ, минтақаҳои савдои озод ва барои мамлакатҳое, ки рӯ ба таққиёт ниҳодаанд ва ё иқтисодиёташон нисбатан заиф аст, имконияти истифодаи боҷҳои имтиёзӣ (преференциалӣ) муаяйн шудааст. Асли дигари муҳими низоми ҳуқуқии СУС чун «тартиботи миллӣ» маъмул аст. Ин ҷо ҳар як кишвари аъзо имконият дорад доир ба ҳамон молҳои воридотӣ, ки барои бозори дохилӣ номусоид аст ва ё ҷараёни истеҳсоли молҳои ватаниро коҳиш медиҳад тартиботи муаяйнеро истифода барад. Масалан, ҷиҳати ҷабҳаҳои табодули моликияти зеҳнӣ, ки ҳадафи ҳифзи ин моликияти аъзои СУС-ро дорад, низ истисноҳо мавҷуд аст.Созишномаи генералии савдои хизматҳо (ГАТС) миёни кишварҳои аъзо ҳарчанд иштирокдрони онҳоро дар риояи тартиботи мусоид уҳдадор менамояд, аммо он ҳам истисноҳои муайянеро дар ин уҳдадорӣ иҷозат медиҳад. Албатта, ин истисноҳо дар мавриде, ки аъзои СУС чунин тартиботро дар ибтидо пешкаш намуданд ва дар муҳлати муайяне, ки созмон қабул намудааст, мавриди амал қарор мегирад. Агар иштирокдорони созмон чунин тартиботро нисбат ба хизматҳои мушаххас ва фаъолият эътироф менамоянд, пас ин хоҳиш ва ё тартиботи миллӣ ба уҳдадории ин созмон шомил мешавад. Яъне, ин он маъноеро дорад, ки пешниҳоди тартиботи миллӣ натиҷаи гуфтушуниди миёни иштирокдорон бошад. Мутобиқи он аъзои созмон доир ба ҳамон секторҳое, ки барои он уҳдадориҳоро қабул кардаанд, бояд риоя намоянд. — Дар доираи СУС кадом низоми савдо маъмул аст?Дар доираи СУС низоми савдои доманадор ва ё бисёртарафа сурат мегирад, ҳукумати кишварҳои аъзо ҷиҳати ташкили муҳити созгори иқтисодӣ-тиҷоратӣ барои сармоягузорон, кордиҳандагон, коргарон ва истеъмолгарон, ки ҳавасмандии тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва таъсиси ҷойҳои кориро таъмин меамояд, саъю кӯшиш менамоянд. Чунин муҳит бояд муътадил ва идорашаванда бошад, то ин ки афзунгардии сармоягузорӣ ва инкишоф таъмин гардад, ҳамзамон нархҳои бозорӣ тамоили пастравиро гиранд. Дар мавриде, ки кишвар аъзои СУС гардид, самараҳои он ва сатҳи дастрасии боэътимод дар бозор, пеш аз ҳама бо фаъолияти низоми гумрукӣ ва татбиқи боҷҳои он вобастагӣ дорад. Квотабандии савдо, ки манъ аст, пас боҷҳо тибқи қоидаи СУС олоти қонунӣ маҳсуб мешаванд ва ҳукуматҳо ин олотро моҳирона дар масоили ҳифзи истеҳсолгарони дохилӣ ва афзун кардани даромади буҷа истифода менамоянд. Истифодаи боҷҳо дар доираи танзим қарор мегирад, аммо боҷҳои гумрукӣ нисбат ба манбаҳои воридотӣ набояд хосияти тафриқакунӣ дошта бошанд. Сатҳи боҷҳои гумругӣ бояд бо талаботи СУС ҳампоя бошад. Яъне, боҷҳои гумрукӣ набояд яктарафа ташаккул ёбанд, яъне пайваста бо созишу ризоияти гузорандагони асосии он молу хизматҳо сурат гирад. Уҳдадориҳоро доир ба таъмини дастрасӣ ба бозор ба туфайли паст ва ҳампоя кардани боҷҳои гумрукӣ бо муқаррароти (рӯихати боҷҳои гумрукӣ) СУС сурат мегирад. Зимнан бояд таъкид кард, ки рӯ овардан ба низоми савдои озоду кушод, ки ба қоидаҳои мувофиқшудаи байналмиллалӣ асос гирифтааст, фалсафаи фаъолияти СУС –ро ташкил медиҳад. Ин фалсафа хеле оддӣ ва дар зери он пеш аз ҳама, моҳияти тиҷоратии солим нуҳуфта аст. Кулли кишварҳои олам, ки захираҳои меҳнатӣ, саноатӣ, табиӣ, молиявии худро барои истеҳсоли молу хизматҳо истифода мебаранду онро ҳам дар бозори дохилӣ ва ҳам дар бозори ҷаҳонӣ пешниҳод мекунанд, дар майдони рақобати озоду солим қарор мегиранд. Ин ҷо бояд аслҳои «афзалияти қиёсӣ» рӯи кор ояд. Рушду нумуи мамлакат пайваста бо сатҳи истифодаи самараноки захираҳои дохилӣ, ки он дар қиёси ҷаҳонӣ муайян ва арзёбӣ мешавад ва саъю кӯшиши субъектҳои иқтисодӣ ҷиҳати истеҳсоли молу хизматҳое, ки нисбат ба дигарон ҳар чи сифатноку беҳтар бошад, таъмин мегардад. Дар шароити аъзогӣ ба созмон корхонаҳои ватанӣ имконият пайдо мекунанд, ки фаъолияти худро ба талаботи бозори ҷаҳонӣ мутобиқ созанд. Воқеан ҳам, агар бозор густурда бошад, иқтидори корхонаҳо аз нигоҳи ноил гаштан ба доираи самараноки васеъшавӣ ва нуфузи бешумори мизоҷон нерӯ мегирад. Тадбирҳо доир ба озодгардии тиҷорат (либерализатсияи), ки ҷоридани бемонеъаи молу хизматҳо ва омилҳои истеҳсолотро таъмин менамояд, онҳо нафгирии корхонаҳоро бо туфайли тавлиди маҳсулоти босифати рақобатпазир афзун меамояд. Таърих ва таҷрибаҳо нишон медиҳад, ки аксари кишварҳо, ки корхонаҳояшон дар арзиши меҳнату захираҳои табиӣ афзалият доштанд, аммо қисми молу хизматҳои худро дар натиҷаи рақобатпазир набудан талаф доданд. Дар натиҷаи фишори иқтисодиву табодулу савдои кушод, онҳо маҷбур шуданд, ки тамоми нерӯи худро истифода баранд, то ин ки ба талаботи бозори ҷаҳонӣ мутобиқ гарданд ва ниҳоят рақобатпазирии худро пайдо намоянд. Яъне, онҳо нерӯи худро барои барориши маҳсулоти нав равона намуда, талош менамуданд, ки сегменти нави бозорро касб намоянд. Нусхаи алтернатив, ки дар ҳифз аз воридот ва ниёз ба субсидияи давлатӣ дорад, ниҳоят ба радифи корхонаҳои ғайрисамаранок дохил шуда ба истеъмолгарони худ маҳсулоти кӯхна ва пасмондаро бор менамоянд. — Сиёсати савдои миллӣ дар доираи СУС чӣ гуна аст? — Мушоҳидаву таҳлили сиёсати савдои миллӣ яке аз самтҳои асосии кулли фаъолияти СУС мебошад. Ҷузъи марказии ин корро механизм доир ба хулосабандӣ ва ё тавсифи сиёсати савдои кишварҳои аъзо ташкил медиҳад. Дар ин асно ҳадафе, ки дар назди ташкилот қарор гирифтааст, чунин аст: а) истифода аз механизми мониторинги мунтазам, шаффофият ва дарки сиёсати савдо ва тадбирҳои дар ин самт қабулшаванда таъмин гардад; б) ҳалли баҳсҳои ҷамъиятӣ ва миёни давлатӣ доир ба масъалаҳои тиҷоратӣ одилона ҳал гардад; в)сатҳи таъсири сиёсати савдо ба низоми савдои ҷаҳонӣ муайян гардад. Ҳамин тариқ, ҳукуматҳои аъзои СУС дар иҷрои қоидаҳои СУС ҷиддӣ рафтор менамоянд ва сатҳи иҷрои уҳдадориҳои ба худ гирифта баланд мегардад, яъне ин раванд ангезиш меёбад. Ҳамин тариқ, аз ин моҳияту аслҳои СУС барои Тоҷикистон, ки тоза аъзои он гаштааст, метавон чандин хулосаҳо бардошт: Якум, имрӯз, зиёиён, соҳибкорон, умуман мардуми шарифи Тоҷикистон, ки мазмуни моҳияти СУС-ро аз берун бо ҳар гуна садоҳои мухталиф, ки аксаран тарафҳои манфии онро (зери он албатта манфиатҳои гурӯҳӣ ҳам қарор дошт) муаррифӣ мекарданд, шинос мешуданд. Имрӯз, ки мамлакатамон воқеан ҳам аъзои ин созмон гашт, дар ҷомеа як мавҷи иҷтимоӣ- сиёсӣ рӯи кор омаду ҳама ба омӯзиши мазмуну муҳтавои ин созмон камар баст. Ин муҳимтарин марҳила дар раванди мутобиқгардӣ ба шароити нав мебошад. Дуюм, иштироки озоду баробарҳуқуқ дар тичорати байналмиллалӣ- ин на танҳо воридгардии предметҳои истеъмолӣ ба кишвар, ки аксаран чунин тангназарона баҳо медиханд, балки пеш аз ҳама воридгардии бемонеаи захираҳои истеҳсолӣ, бахусус сармоя — таҷхизоту технологияи навин барои истеҳсолгарони ватанӣ ва интихоби озоди воридкунии онҳо, масалан новобаста аз кадомин 157 кишвари олам, ки дар доираи созишномаҳои бисёртарафаи созмон сурат мегирад, мебошад. Сеюм, модоме, ки низоми миллии савдо дар доираи ин созмон эҳтиром мешавад, бинобар ин мо имконият дорем сектори муайяни иқтисодии худро барои иштирок дар ин савдои озод мустақилона муайян намоем ва маҳз барои он созишҳо бандем, имтиёзҳо талаб намоем ва дар мавриди содироту воридот, манфиати иқтисодиёти миллиро ҳифз намоем, сатҳи хавфро паст гардонем. Чорум, стратегияи раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ки мутобиқ бо меъёрҳои чаҳонӣ, аслан амалӣ гаштаасту роҳҳои автомобилгарди мо ба шабакаҳои ҷаҳонӣ пайваст шудааст, акнун метавонад чун инфрасохтори ҷаҳонии савдо хидмат намояд. Яъне, он на танҳо барои боркашонии дохилӣ, балки бемонеа дар ҳудуди ҷаҳон (кишварҳои аъзои созмон) хизматҳои нақлиётӣ намояд ва барои иқтисодиёти кишвар арзиши нав даромад орад. Панҷум, кишварамон, ки аз нигоҳи захираҳои обу гидорэнергетикӣ ва мухимаш, ки он ба талаботи самтҳои экологӣ ва ё таълимоти рушди устувор мутобиқ аст, дар майлони истифодаи самаранок қарор мегирад (охир истифодаи самараноки захираҳои кулли кишварҳои олам ба манфиати инсоният ҳадафи марказии СУС аст). Дар доираи ин созмон мо метавонем техникаву технологияҳои муосирро доир ба соҳаҳои гидорэнергетикии кишвар ворид намоем, маблағгузории содиротии нерӯи барқро бо роҳи ҷалби ҳамкориҳои байналмиллалӣ дар доираи ин созмон ташкил намоем. Ҳамзамон, ташкили содироти оби ошомиданиро бо роҳи кушодани корхонаҳои муштараки ҷаҳонӣ метавонем роҳандозӣ намоем. Шашум, шомилгардӣ ба ин созмон тамоили навсозии таркиби иқтисодиётро сурат мебахшад, маҷбур ва ҳавасманд менамояд, ки бахшҳои мухталифи иқтисодиёт, соҳаҳои гуногун рӯ ба бозори ҷаҳонӣ оранд, барномаҳои содиротӣ тарҳрезӣ намоянд, оид ба рақобатпазирии маҳсулоту хизматҳои худ тадбирҳо андешанд. Илова бар ин шаффофияти фаъолияту иттилоот, ки талаботи аслҳои СУС мебошад, рӯи кор меояд, доираи сектори ғайрирасмӣ танг мегардад ва монополияҳои сунъии бозори дохилӣ шикаст мехӯранд. Ёдовар мешавем, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то дохилгардӣ ба СУС корҳои зиёдеро ҷиҳати мутобиқ намудани қонунгузории кишвар мутобиқ ба қоидаву меъёрҳои СУС ва инчунин тақвияти механизми ниҳодиро дар ин масоил ба анҷом расонидааст. Дар айни замон дар ҷумҳурӣ пояи мустаҳками меъёрию ҳуқуқӣ, ки ба талаботи ҳуқуқи байналмилалӣ ҷавобгӯст, ташкил шудааст, ки он барои фаъолият дар ин созмон шароити мусоид фароҳам хоҳад овард. Ташаккур барои суҳбат. Мусоҳиб Дилшодаи Хайруллоҳ

Январь 18, 2013 17:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Корвони «Модарони ваҳдатсаро» ба шаҳрҳои Турсунзода, Ҳисор, Ваҳдат ва Роғун сафар кард
Дар Норак бо истифодаи қафасҳои сунъӣ гулмоҳӣ парвариш меёбад
Дар лагери дараи Камароби ноҳияи Рашт 450 хонанда ба истироҳат фаро гирифта мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон — ҳомии сулҳ ва Ваҳдати миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Занону модарони собиқадор бо сарбозон ва сокинони Варзоб, Файзобод, Рӯдакӣ ва Шаҳринав мулоқот намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар вобаста ба амнияти иттилоотӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Дар Хатлон бо сабаби надонистани қоидаҳои оббозӣ ва бетаваҷҷуҳии волидон 48 ҳолати ғарқшавӣ ба қайд гирифта шуд
МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН: Кӯдаконро дар тобистон бо чӣ метавон банд кард?
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Турсунзода беш аз 6 ҳазор ҳолати вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ошкор гардид
Дар даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 2676 довталаб иштирок менамояд