«Тоҷикстандарт» мутахассисони соҳаи туризму меҳмонхона тайёр мекунад

Январь 14, 2013 15:43

Душанбе,14 январ.(АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода).-Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ва малакаи касбии кормандони соҳаҳои хизматрасон бо ташаббуси Агентии «Тоҷикстандарт» дар якҷоягӣ бо Ассотсиатсияи тарабхонадорон ва мехмонхонадорон ва мактаби миллии туризм курсҳои кӯтоҳмуддати «Пешхизмати тарабхона», «Туризм ва сайру саёҳат», «Корманди меҳмонхона» дар давоми соли 2012 гузаронида шуданд.Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз Агентии «Тоҷикстандарт» иттилоъ доданд, дар давоми соли 2012 зиёда аз 500 нафар шунавандаи ин курсҳо соҳиби маълумоти касбӣ шуда, дар ин соҳаҳо фаъолият дорад. Инчунин дар самти баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳо дар нуқтаҳои хӯроки умумӣ дар вилояти Хатлон ва минтаҳои шаҳри Кӯлоб семинарҳои омӯзишӣ гузаронида шуданд. Дар баробари ин, дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои марбута дар шаҳри Душанбе ва вилоятҳои Суғду Хатлон дар соли 2013 низ гузаронидани семинарҳо бо иштироки кормандони соҳаи меҳмоннавозӣ ва туризм дар назар аст.

Январь 14, 2013 15:43

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад