В.Никитюк: «Украина ба ҷилавгирии маводи мухаддир дар Тоҷикистон таваҷҷуҳ дорад»

Январь 24, 2013 15:23

Душанбе, 24 январ. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-Сафири Украина дар Тоҷикистон зикр кард, ки хадамоти зиддимухаддиротии кишвараш омодаи ҳамкориҳои амалӣ бо Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Дар ин бора Сафири Фавқулодда ва Мухтори Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Никитюк дар суҳбат бо директори агентӣ генерал-лейтенанти милитсия Рустам Назаров иброз дошт. Дар ҷараёни мулоқот директори агентӣ сафирро бо вазъи мухаддиротӣ дар Тоҷикистон, Афғонистон ва умуман минтақаи Осиёи Марказӣ, чораву тадбирҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти назорати маводи мухаддир меандешад ва ташкили ҳамкориҳо миёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ва кишварҳои хориҷӣ дар муборизаи муштарак бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор ошно намуд. Дар поёни мулоқот ҷонибҳо ба таҳкими ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Украина дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир изҳори умед карданд.Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз агентии мазкур иттилоъ доданд.

Январь 24, 2013 15:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!