ВКД ба КА маълумотнома ироа месозад

Январь 7, 2013 14:26

Душанбе, 7 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Интизор меравад, ки тибқи ворид намудани тағйиру илова ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» минбаъд Вазорати корҳои дохилии кишвар ба Кумитаи андози назди ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба додани шиносномаҳои умумишаҳрвандӣ, хориҷӣ, аз ҷумла ба ивази шиносномаҳои гумшуда ва ё шиносномаҳое, ки муҳлати амалашон ба охир расидааст, маълумотнома пешниҳод созад.  Лоиҳаи қонуни мазкурро аъзои Шўрои палатаи поёнии парлумони мамлакат дар ҷараёни ҷаласае, ки 7 январ дар ҳузури Шукурҷон Зуҳуров- раиси Маҷлиси намояндагон доир гардид, матраҳ намуданд. Зикр шуд, ки ворид намудани тағйиру илова ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» мутобиқ намудани он ба Кодекси андози кишвар, ки соли гузашта дар таҳрири нав қабул гардида буд, маҳсуб мешавад.

Январь 7, 2013 14:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!