Вохӯрии кормандони андоз бо намояндагони ташкилотҳои дипломатӣ
Душанбе, 19 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Дирӯз дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони мақомоти андоз ва ташкилотҳои дипломатию сафоратхонаҳо семинар баргузор гардид.
Семинар аслан ба мавзуъҳои тартиби аз андозбандӣ озод ва пешбинӣ намудани дигар имтиёзоти андозбандӣ, баргардонидани андоз аз арзиши иловашуда ба намояндагиҳои дипломатӣ, консулгарӣ, намояндагиҳои ба онҳо баробаркардашуда, тартиби баҳисобгирии бақайдгирии намояндагони дипломатӣ, тартиби аз андоз аз арзиши иловашуда озод кардани таҳвили молҳо, иҷрои корҳо, хизматрасониҳо, ки дар доираи маблағҳои грантию қарзӣ амалӣ мешаванд, тартиби андозбандии даромади резидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне кормандони намояндагиҳои дипломатӣ, андозбандӣ, андозбандии иҷорадиҳандагони молу мулки ғайриманқул бахшида шуд. Дар семинар мутахассисони соҳа ба намояндагони ташкилотҳои дипломатӣ доир ба мавзуъҳои номбурда, ҳуқуқу уҳдадориҳои ин ташкилотҳо ва сафоратхонаҳои хориҷӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуданд. Ҳадафи асосии кормандони мақомоти андоз фаҳмонидани моҳият ва муқаррароти Кодекси андоз дар таҳрири нав ба ташкилотҳои дипломатӣ ва мубодилаи афкор оид ба фаъолияти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин сафоратхонаҳо ва аз ҷониби дигар дастгирӣ ва фароҳам овардани фазои мусоид барои фаъолияти онҳо дар кишвар арзёбӣ гардид.
Намояндагони Кумитаи андоз инчунин ба ин ташкилотҳо аз хусуси роҳу усули пардохти андозҳо маълумот дода, таъкид карданд, ки дар соли 2013, ки Кодекси андоз дар таҳрири нав мавриди амал қарор гирифтааст, ягон мушкилӣ барои фаъолияти онҳо монеа нахоҳад шуд. Бояд гуфт, ки дар ҳама ҳолат онҳо бояд талаботи муқаррарнамудаи Кодекси андозро риоя намоянд ва дар фаъолияти худ ба қонунвайронкуниҳои андоз роҳ надиҳанд. Иштироккунандагон оид ба намудҳои андозҳо, меъёр ва низомҳои андозбандӣ, имтиёзҳои пешбинигардида ва дигар паҳлуҳои аҳамиятноки Кодекси андоз дар таҳрири нав таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда, ба суолҳои сершумори хеш дар ин самт ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд. Дар семинар зиёда аз 43 намояндагони ташкилотҳои дипломатӣ иштирок ва ибрози андеша карда, аз ташкил ва баргузории чунин чорабиниҳои судманд изҳори қаноатмандӣ намуданд ва ин ҷамъомадро барои баланд бардоштани савияи дониши ҳуқуқии ташкилотҳои дипломатӣ манфиатбахш арзёбӣ намуданд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад






