Вуруди технологияи муосир ба корхонаҳои Саридораи геология
Душанбе, 8 январ. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Ҷиҳати дастгирӣ ва ҷалби соҳибкорони ватанӣ дар самти истифодаи қаъри замин дар соли 2012 дар Шӯрои илмии техникии Саридораи геология 27 ҳисобот баррасӣ гашта, ба Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок пешниҳод гардиданд, қайд гардид дар нишасти матбуотии Саридораи геология 8 январ.Саридораи геология аз ҳисоби маблағҳои асосии мутамарказ, ки аз буҷаи давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, дар соли 2012 ба маблағи 984240 сомонӣ таҷҳизот харида, ба корхонаҳо тақсим намудааст, аз ҷумла таҷҳизот барои бор намудани ҷисмҳои кӯҳӣ, дастгоҳи барқтавлидкунанда, бодкаш барои бо ҳаво таъмин намудани нақбҳо бо муҳаррики барқии 11 квт ва муҳаррики дизелӣ.Инчунин зикр шуд, ки дар соли 2012 дар Маркази додаҳои улуми замини Саридораи геология дар муддати 2 ҳафта 20 нафар мутахассиси соҳаи геология аз омӯзиши барномаи «Macromine» пурра гузаштанд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






