Якумин зан дар Тоҷикистон бо бордоркунии экстракорпоралӣ дугоник ба дунё овард
Душанбе, 17 январ. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Якумин зан аз Тоҷикистон, ки 9 моҳ қабл бо роҳи сунъӣ бордор карда шуд, имрӯз дар Пажуҳишгоҳи миллии илмӣ-тадқиқотии момодоягӣ, гинекология ва перинатология дугоник – ду писар бо вазнҳои 2 килограмму 750 грамм ва 2 килограмму 550 граммро ба дунё овард. Дар сӯҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» директори Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии момодоягӣ, гинекология ва перинатология Шамсиддин Қурбонов зикр кард, ки зани фаъоли солими синнаш аз 35 боло имрӯз дугоник ба дунё овард. Ин якумин руйдод аст, ки аз ҷониби духтурони тоҷик дар доираи барномаи БЭК (бордоркунии экстракорпоралӣ) амалӣ гардид. Дар доираи ин барнома бо 35 зан бордоркунии сунъӣ гузаронида шуд, ки аз онҳо 10 нафарашон ҳомиладоранд. «Имрӯз – ин якумин рӯйдод аст, ки аввалан бо зан барномаи БЭК гузаронида шуда, аз ҳисоби ҳуҷайраҳои ҷинсии худи онҳо, дар шароити омӯзишгоҳӣ бордоркунӣ гузаронида шуд. Саломатии модар ва фарзандон комилан бехатар аст. Аз ҳама муҳимаш он аст, ки акнун шаҳрвандони мо дар кишвари худашон ва бо камтарин хароҷот ба технологияҳои репродуктивии баланд дастрасӣ пайдо карданд», — шарҳ дод Ш.Қурбонов. Мавриди тазаккур аст, ки Маркази тиббии «Насл», ки дар он бо роҳи бордоркунии экстракорпоралӣ бордор кардани дугоники якум амалӣ гардид, фаъолияти худро соли гузашта дар Душанбе оғоз намуд. Дар Осиёи Марказӣ Тоҷикистон дуюмин кишвар баъди Қазоқистон ба ҳисоб меравад, ки чунин амалиётро мегузаронад. «Маркази мо аз ҳисоби маблағгузории худии шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил ёфта, ба он аз Австрия, Олмон, Ҷопон таҷҳизоти муосиртарини технологии пешрафта ворид мешавад ва мутахассисонаш дар Русия, Эрон, Қазоқистон таълим гирифтаанд. Нархи аввалаи амалиёти мазкур 5 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад», — гуфт дар фарҷом Ш.Қурбонов.








ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид






