Зариф Ализода: «Ҳуқуқҳои муҳоҷирон бояд ҳимоя шаванд!»
Душанбе, 30 январ. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим).-Танҳо дар соли 2012 аз ҷониби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чор минтақаи кишвар қабулгоҳҳои ҷамъиятӣ таъсис дода шуд. Дар айни ҳол қабулгоҳҳои ҷамъиятии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар шаҳрҳои Турсунзода, Роғун ва ноҳияҳои Айниву Рашт дар ҳамкорӣ бо созмонҳои ҷамъиятии «Ҳуқуқ ва беҳбудӣ» ва дастгирии молиявии Вазорати рушди байналмилалии Британияи кабир (DFID) ва дар шаҳрҳои Хуҷанд, Қурғонтеппа, Хоруғ ва Кӯлоб бо дастгирии молиявии ниҳоди даниягӣ оид ба ҳуқуқи инсон «ДИПЧ» фаъолият менамоянд. Ба қавли Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода бо мақсади таҳкими ҳамкориҳо бо созмонҳои байналмилалӣ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо намояндагони давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ 42 мулоқоти судманд анҷом додааст. Ба иловаи номбурда ба наздикӣ аз ҷониби ВҲИ гуруҳҳои корӣ таъсис дода шуда, ҷиҳати анҷом додани мулоқот бо муҳоҷирони кории тоҷик дар шаҳрҳои Русия ва ба ин восита баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии эшон сафарбар мешаванд, то ҳуқуқҳои ин табақаи аҳолии мамлакат дар кишвари корфармо нақз нагарданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






