Ҳайати ПСС ҶТ ба Эрон меравад
Душанбе, 15 феврал. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Чанде пеш дар шаҳри Душанбе мулоқоти муовини раиси Палатаи савдо ва саноати ҶТ Асаналӣ Карамалиев ба намояндаи Палатаи Савдо ва саноати Хуросони Шимолии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Мақсуд Маҷидзода баргузор гардид. Тавре ки аз Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот масоили ҳамкории палатаҳои савдо ва саноати ҳар ду кишварро мавриди муҳокима қарор доданд.Асаналӣ Карамалиев зикр намуд, ки сафари аъзои Палатаи савдо ва саноати ЧТ ба Хуросони Шимолӣ басо судманд буд. Соҳибкорони тоҷик дар ҷараёни сафарашон мулоқоту гуфтушунидҳои фоидабахшро анҷом доданд.Асаналӣ Карамалиев ҳамчунин иброз дошт, ки Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳайати соҳибкорону тоҷиронашро барои гуфтушуниди навбатӣ ба Эрон мефиристад.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






