Ҳамшарикии муҳоҷирони тоҷик ба экстремизм тасдиқ нашуд
Душанбе, 15 феврал. (АМИТ «Ховар», Марҳабо Зунунова). – Панҷ нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки пештар аз сӯи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Федератсияи Русия дар шаҳри Санкт-Петербург боздошт гардида буданд, ба Ватан фиристода шуданд.Тавре ки ба АМИТ «Ховар» намояндаи расмии Сафорати Тоҷикистон дар Русия Муҳаммади Эгамзод хабар дод:«Дар ин рӯйхат номи сокинони вилояти Хатлон Аҳлиддин Аёнов, соли таваллудаш 1986 ва Аёнов Нурулло Таварович, соли таваллудаш 1972; сокини ноҳияи Рӯдакӣ Ғафуров Маҳмадулло Маҳмаднеъматович, соли таваллудаш 1989 ва сокини шаҳри Душанбе Ҷобиров Абдукаҳҳор Абдуғаффорович, соли таваллудаш 1986 буд. Вале тибқи натиҷаҳои тафтишот ва бо қарори суд 10 феврали соли ҷорӣ шаҳрвандони номбаршудаи Тоҷикистон на бо сабаби шарикии эҳтимолии онҳо ба фаъолияти террористию ифротгароӣ, балки бинобар вайрон кардани қоидаҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар ҳудуди Федератсияи Русия (барои надоштани ҳуҷҷатҳои мувофиқи иҷозатдиҳанда) ба Ватан баргардонида шуданд». Муҳаммади Эгамзод шарҳ дод, ки «8 феврали соли 2013 мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Федератсияи Русия дар шаҳри Санкт-Петербург санҷиш гузарониданд. Зимни он дар ибодатгоҳҳои бозори «Апраксин двор» даҳҳо нафар ибодаткунандагонро бо гумони ҳамшарикӣ ба фаъолияти террористию ифротгароӣ дастгир намуданд, ки дар миёни онҳо шаҳрвандони Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Миср, Афғонистон, сокинони ҷумҳуриҳои қафқозии ФР, инчунин 5 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон буданд».








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






