Ҳаракати корвони адабиёти бачагона ба шаҳру ноҳияҳо
Душанбе, 7 феврал. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов).-Аз 8-ум то 30-юми апрел бо ташаббуси Вазорати фарҳанг ва нашриёти «Адабиёти бачагона» дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон намоишгоҳи фурӯши китобҳои бачагона бо номи «Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст» баргузор мегардад. Наҷмиддин Зайниддинов, роҳбари нашриёти «Адабиёти бачагона» ба АМИТ «Ховар» гуфт, ки чорабинӣ пагоҳ дар ноҳияи Рӯдакӣ оғоз ёфта, зиёда аз ду моҳ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар гузаронида мешавад ва рӯзи 30-юми апрел дар ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд анҷом меёбад. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки дар ин намоиш зиёда 110 номгӯй китобҳои бачагона бо нархи дастрас ба фурӯш гузошта мешаванд ва дар ҷараёни намоиш баргузории маҳфилҳои эҷодии адибони кишвар низ дар назар аст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






