Ҳ. Зарифӣ ба Коҳира рафт

Февраль 5, 2013 12:09

Душанбе, 5 феврал. (АМИТ «Ховар»).-5 феврали соли 2013 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ҷиҳати иштирок дар 12-умин нишасти сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ, ки аз 6 то 7 феврали соли 2013 барпо мешавад, ба Қоҳира сафар намуд.  Дар ҷараёни иҷлосияи мазкур суханронии вазири корҳои хориҷӣ пешбинӣ гардидааст, ки дар он мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҷеъ ба масъалаҳои муҳиме, ки бо онҳо кишварҳои аъзои Созмон рӯ ба рӯ шудаанд, инъикос хоҳад ёфт. Дар ҳошияи нишаст инчунин баргузории мулоқоти дуҷонибаи вазири корҳои хориҷии кишвари мо бо намояндагони кишварҳои аъзои СҲИ дар назар аст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар»аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии ВКХ ҶТ хабар доданд.

Февраль 5, 2013 12:09

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд