Ҷасади муҳоҷири меҳнатӣ ба Тоҷикистон оварда шуд
Душанбе, 26 феврал. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Чанде пеш бо мадади Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ҷасади шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Амриддин Шодиев аз Русия ба Тоҷикистон оварда шуд. Назар ба хабари дафтари матбуоти намояндагии мазкур, Амриддин Шодиев шаби 22 феврал дар беморхонаи Ватуткини вилояти Маскав вафот кард. Мувофиқи хабари манбаъ, муҳоҷири меҳнатӣ бо ташхиси сактаи майна дар беморхона бистарӣ шуда буд. Назар ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли гузашта 1055 тобути шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла 93 ҷасади зан аз Русия ба Тоҷикистон оварда шуда буд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






