Артиши миллӣ- сипари боэътимоди кишвар

Февраль 21, 2013 17:06

Душанбе, 21 феврал. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).- Бахшида ба 20- солагии таъсиси Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов вохӯрии сардори шуъбаи кор бо ҷавонони Раёсати кор бо ҳайати шахсии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Хусрав Аминов баргузор гардид. Ҷамъомадро ректори консерватория Раҷабмад Амиров ифтитоҳ намуд. Дар вохӯрӣ полковник Аминов аз дастовардҳои Артиши миллӣ дар замони истиқлолият сухан гуфта, зикр намуд, ки Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сипари боэътимод метавонад барои осоиштагии мардуми кишвар хизмат намояд. Бояд гуфт, ки сол то сол сафи афсарони касбӣ дар Қувваҳои мусаллаҳ меафзояд,ки ин боиси боло рафтани иқтидори мудофиавии кишвар мегардад. Воқеаҳои солҳои охир нишон доданд, ки Артиши миллӣ метавонад бар зидди ҳама гуна нобасомониҳо, аз ҷумла терроризму экстремизми сиёсӣ истодагарӣ карда, муборизаи беамон барад.  Дар фарҷоми вохӯрӣ аз ҷониби омӯзгорон ва муҳассилини консерватория бахшида ба ҷашни Артиши миллӣ шеъру таронаҳои ватандӯстона иҷро шуданд.

Февраль 21, 2013 17:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст