Бақайдгирии дактилоскопии шаҳрвандони ҶТ аз эътибор соқит дониста шуд
Душанбе, 27 феврал. (АМИТ«Ховар»).- Бо фармони вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов аз 26 феврали соли ҷорӣ бақайдгирии дактилоскопии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми гирифтани шиносномаҳои шаҳрвандӣ ва хориҷӣ, инчунин шаҳодатномаи ронандагиро аз эътибор соқит дониста, барои иҷро ба раёсатҳо, хадамот ва ҷузъу томҳои дахлдори мақомоти корҳои дохилӣ ирсол намуд.Тавре ки сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии ҶТ хабар медиҳад, тартиби нави гузаронидани бақайдгирии дактилоскопии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми гирифтани шиносномаҳои шаҳрвандӣ ва хориҷӣ, инчунин шаҳодатномаи ронандагӣ аз 21 июли соли 2012 бо мақсади пешгирии ҳолатҳои сохтакорӣ дар ҷараёни барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо, аниқ намудани шахсияти шаҳрвандон ҳангоми гирифтани шиносномаҳои шаҳрвандӣ ва хориҷӣ, шаҳодатномаи ронандагӣ, инчунин гузаронидани баъзе амалиёти фаврию ҷустуҷӯӣ ҷиҳати паст кардани вазъи ҷиноӣ дар ҷумҳурӣ ҷорӣ шудааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






