Ба кӯчаҳои пойтахт номҳои тоҷикӣ гузошта шуданд
Душанбе, 25 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Бо қарори маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе номҳои як қатор кӯчаҳои пойтахт тағйир дода шуданд. Аз ҷумла, кӯчаи Фурманови пойтахт ба номи ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Одинаев номгузорӣ гардид. Ҳамзамон кӯчаҳои Ватутин ва Сеченов ба номи ходимони хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон Хайрулло Абдуллоев ва Дамир Дӯстмуҳаммадов гузошта шуданд. Тадбири мазкур бо мақсади абадӣ гардонидани хотираи неки шахсиятҳои шинохта ва дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» андешида шудааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






