Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон 18 миллион доллар ихтисос медиҳад
Душанбе, 7 феврал. (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз «Бонки ҷаҳонӣ» дар робита ба маблағгузориаш ба «Лоиҳаи ислоҳоти маъмурикунонии андоз» изҳороти расмӣ дод. Гуфта шуд ин маблағ ба миқдори 18 миллион доллари амрикоӣ буда, чун грант ихтисос дода мешавад. Марша Олив, роҳбари намояндагии «Бонки ҷаҳонӣ» дар Тоҷикистон гуфт, ин қарзи бебозгашт барои татбиқи лоиҳаи ислоҳоти маъмурикунонии андоз дар Тоҷикистон аст ва барои низоми самараноки системаҳои андоз равона шудааст. Номбурда яке аз ҳадафҳои аслии ин изҳоротро таъсиси системаи андози боз ҳам шаффоф,оқилона ва самаранок донист ва гуфт, он барои муассисаҳои дохилӣ ва андозсупорандагони мустақил фоида меоварад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






