Боздиди вазири ВКД аз «Алфа»
Душанбе, 18 феврал. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонкулова).- 16 феврал вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов бо раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов вохӯрда, аз Воҳиди таъиноти зиддитеррористии «Алфа»-и Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дидан намуд.Тавре ки сомонаи расмии ВКД хабар медиҳад, роҳбарони аввали мақомоти мазкур аз ҷараёни машқҳои ҳарбию тактикӣ, безараргардонии гуруҳҳои террористӣ, озод намудани гаравгонҳо, техникаву лавозимоти ҳарбиву низомии дар ихтиёрдоштаи ин воҳид ва нақлиёту техникаҳои ҷангии он аз наздик шиносоӣ пайдо намуда, ба омодабошии ҳамешагии ҳайати шахсии он баҳои баланд доданд. Ҳамчунин вазири корҳои дохилӣ зикр намуд, ки воҳиди мазкур дар бисёр амалиёти вазнини ҷангӣ, безараргардонии гуруҳҳои махсусан хавфноку мусаллаҳ ва террористӣ иштирок намуда, аз худ маҳорати баланди касбӣ нишон додааст. Дар муҳорибаҳо даҳҳо нафар афсарони шуҷои он барои оромиву суботи кишвари азизамон ҷони худро қурбон намуда, дар осоиштагиву вазъи ороми ҷумҳурӣ саҳми босазои худро гузоштаанд.Дар боздид ҳамчунин роҳбарияти Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ, Дастаи таъиноти махсуси милитсия дар шаҳри Душанбе, вилояти Хатлон, Ротаи зудамали милитсия ва Ротаи зарбазан низ иштирок намуда, аз сатҳи баланди касбии кормандони Воҳиди таъиноти зиддитеррористии «Алфа»-и Кумитаи давлатии амнияти миллӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






