Дастаи футзали Тоҷикистон дар зинаи 57-уми рейтинги ҷаҳонӣ
Душанбе, 19 феврал. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов).- Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал новобаста аз ноком шуданаш дар мусобиқаи охирини Ҷоми Осиё дар рейтинги нави ҷаҳонӣ бо касби 992 имтиёз байни дастаҳои мунтахаби зиёда аз 150 давлати сайёра дар зинаи 57-ум қарор гирифт. Ҳамчунин байни давлатҳои ИДМ Тоҷикистон дар зинаи 8-ум қарор дошта, мавқеи дастаи мунтахаби кишвар аз дастаҳои Гурҷистон, Литва, Молдова, Туркманистон, Арманистон ва Эстония болотар аст. Ҷойҳои нахустинро дар ин рӯйхат дастаҳои мунтахаби Бразилия, Испания, Италия ва Русия касб кардаанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






