Дастаи шаҳри Турсунзода-ғолиби мусобиқаи тирандозӣ

Февраль 18, 2013 16:46

Душанбе, 18 феврал. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-Дар остонаи Рўзи Артиши миллӣ дар Клуби ҷумҳуриявии варзиши тирандозии ҷамъияти мудофиавии кишвар бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Ҳисор, Шаҳринав, Ваҳдат, Рўдакӣ, Варзоб, Файзобод ва чор ноҳияи шаҳри Душанбе мусобиқаи тирандозӣ аз яроқи пневматикӣ гузаронида шуд.  Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ҳадафи баргузории ин чорабинӣ оммавияти намудҳои ҳарбӣ – техникии варзиш миёни наврасон, омода намудани онҳо барои хизмат дар сафи артиш ва дарёфти истеъдодҳои наву умедбахш ба хотири шомил намудани онҳо ба тимҳои мунтахаби тирандозии сатҳи шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ ба шумор меравад. Инчунин иштирокчиёни мусобиқа аз осорхонаи созмони мудофиавии кишвар дидан намуда, бо гўшаҳои мавзўӣ ва нигораҳои он ошноӣ пайдо карданд. Аз рўи ҷамъбасти ҳисоби умумии холҳо дастаи шаҳри Турсунзода ҷойи якум, дастаи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҷойи дуюм ва дастаи ноҳияи Сино ҷойи сеюмро ишғол намуданд.Дар охир ғолибон бо медал, туҳфаҳои қимматнок ва ифтихорномаву дипломҳои муносиб қадрдонӣ шуданд.

Февраль 18, 2013 16:46

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд