Дастгирии занони маъюб

Февраль 19, 2013 14:28

Қӯрғонтеппа, 19 феврал. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев). — Бо дастгирии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ дар ноҳияи Бохтар коргоҳи дӯзандагӣ кушода мешавад. Тавре ки вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ Маҳмадамин Маҳмадаминов дар ҷараёни сафараш ба ноҳияи Бохтар иброз дошт, дар коргоҳи дӯзандагӣ мутахассисони маъюб кор мекунанд. Мутахассисон дар синфи таълмии маркази шуғли аҳолии ноҳияи Бохтар тайёр карда мешаванд. Маҳмадамин Маҳмадаминов ҳамчунин дастур дод, ки синфи таълимӣ дар муддати кӯтоҳтарин бо мошинҳои дӯзандагӣ ва технологияи муосир таъмин карда шавад.

Февраль 19, 2013 14:28

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд