«Фарҳанги Доро»— сафҳаи тоза дар луғатнигории тоҷик
Душанбе, 12 феврал.(АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов).-Пажуҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон китоби нави шоири маъруфи тоҷик, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Доро Наҷотро бо номи «Фарҳанги Доро» ба нашр расонид. Ин китоб баргузидаи тафсири беш аз панҷ ҳазор вожа, истилоҳ, таркиб ва ибораҳои рехтаи забони тоҷикиро фаро гирифтааст. Алиасғари Шеърдӯст, Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон ба ин луғатнома пешгуфтори муфассале навишта, ба фарҳанги якзабонаи тоҷикӣ ба тоҷикии Доро Наҷот баҳои баланд додааст. Мавриди зикр аст, ки муаллиф ба навиштани ин луғатнома пас аз пажуҳишҳои тӯлонӣ ва омӯзиши дақиқи осори шоирони пешину муосир комёб гардидааст ва «Фарҳанги Доро» туҳфаи арзишманди шоир ба аҳли илму адаби кишвар маҳсуб мешавад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






