Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи сарони давлатҳои СҲИ
Душанбе, 7 феврал. (АМИТ «Ховар»).-6 феврали соли 2013 дар шаҳри Қоҳира иҷлосияи 12-уми сарони давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Исломӣ (СҲИ) ба кор шуруъ кард. Иҷлосияи мазкур таҳти шиори «Таҳдидҳои нав ва имконоти рушдёбанда» дар давоми ду рӯз масъалаҳои мубрам ва доғи рӯзи ҷаҳони исломро мавриди муҳокима қарор медиҳад. Дар иҷлосия ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарии вазири корҳои хориҷии ҶТ Ҳамрохон Зарифӣ иштирок дорад. Ӯ дар ҳошияи ин чорабинӣ бо роҳбарони як қатор давлатҳои исломии иштироккунанда мулоқот ва гуфтугӯи судманд анҷом дод. Аз ҷумла, дар мулоқоти Ҳамрохон Зарифӣ бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай масъалаҳои вобаста ба ҳамкориҳои дуҷониба, раванди татбиқи лоиҳаҳои минтақавӣ дар бахши энергетика, роҳи оҳан ва нақлиёти автомобилӣ ва иқдоми минбаъдаи ду кишвари ҳамсоя барои густариши ин ҳамкориҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар суҳбати вазир бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод асосан роҷеъ ба дурнамои ҳамкориҳои иқтисодӣ ва татбиқи лоиҳаҳои қаблан дар сатҳи олӣ мувофақашуда бо сармояи эронӣ табодули назар сурат гирифт. Ҷониби эронӣ барои тезонидани иҷрои лоиҳаҳои мавриди назар омодагии худро таъкид кард. Дар мулоқоте, ки бо ташаббуси ҷониби туркӣ доир гардид, Президенти Ҷумҳурии Туркия Абдулло Гул аз раванди муносибатҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии кишварашро барои густариши ин муносибатҳо дар асоси натиҷаҳои сафари расмии охири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Туркия таъкид кард. Ҳ. Зарифӣ бо муовини раиси Шӯрои вазирон, вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт шайх Сабоҳ Холид ас-Сабоҳ оид ба омодасозии ҳамҷонибаи ҷаласаи 11-ми вазирони корҳои хориҷии давлатҳои узви Муколамаи Ҳамкории Осиё (ACD), ки баргузории он дар шаҳри Душанбе 29 марти соли ҷорӣ муқаррар гардидааст, суҳбати судманд доир намуд. Мулоқотҳои роҳбари ҳайати Тоҷикистон дар ҳошияи иҷлосияи сарони давлатҳои Созмони Ҳамкории Исломӣ дар Қоҳира идома хоҳанд ёфт.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






