Иштироки Сарвари давлат дар ҷамъомади солгарди 20-уми таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ

Февраль 22, 2013 13:43

Душанбе, 22 феврал (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз дар маҷмааи давлатии Кохи Борбад бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳ Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати солгарди 20-уми таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.Ҷамъомади идона бо ворид шудани Сарвари давлат, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳ Эмомалӣ Раҳмон ва садо додани Суруди миллии Тоҷикистон аз ҷониби аҳли толор оғоз ёфт.Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ аз рӯзҳои пурдаҳшати солҳои аввали истиқлоли давлатии Тоҷикистон, бесарусомонӣ ва хисороти бешумори ҷонӣ ва моддию маънавии муноқишаҳои хунуни дохилӣ ёдовар шуда, фазои орому осоишта ва рушду шукуфоии имрӯзаро натиҷаи ҷонбозиҳои ҳазорон фарзандони баору номуси кишвар номид, ки сина сипар намуда, ба ҳифзи ваҳдату ягонагии Тоҷикистони азиз ва давлату миллати тоҷик бархоста буданд. Таъкид гардид, ки хизматҳои шоиста ва ҷоннисории ҳазорон нафар фарзандони фидоии кишвар, ки дар роҳи ҳифзи давлату миллат ва осоиши мулки тоҷикон ҷон нисор намудаанд, ҳаргиз фаромӯш нахоҳад шуд.Тавре зикр гардид, он солҳо Тоҷикистон натанҳо артишу дигар сохторҳои низомӣ надошт, балки афсарони тоҷик ҳам ангуштшумор буданд. Барои рафъи ин ҳолат, омода кардани кадрҳои миллии низомӣ дар муддати кӯтоҳ мактабҳои олии ҳарбӣ таъсис дода шуд. Дар таърихи 20-солаи Қувваҳои Мусаллаҳ беш аз 14 ҳазор афсарони низомӣ дар дохил ва 2600 нафар дар хориҷи кишвар омӯзонда шуд. Ҳоло 3 ҳазор донишҷӯёни низомӣ дар дохил ва беш аз 1300 каси дигар дар хориҷи кишвар таҳсили илмҳои ҳарбӣ мекунанд.Бо ёдоварӣ аз беҳшавии тадриҷии таъминоти моддию техникии сохторҳои қудратии кишвар таъкид гардид, ки дар зарфи 5 соли охир маблағгузории соҳа 2 баробар афзун гардид. Маоши ходимони низомӣ бошад дар 6 соли охир 9 баробар афзудааст.Ба андешаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъминоти имрӯза ҳам ҳанӯз нокифоя аст ва баҳри боз ҳам афзун намудани маблағгузорӣ ва ғамхорӣ ба ин соҳа пайваста тадбирҳо андешида мешаванд.Изҳори хушнудӣ карда шуд, ки муҳофизони баору номуси кишвар сарфи назар аз ҳама мушкилу монеаҳои гузаштаю имрӯза барои ҳифзи музаффариятҳои истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва таъмини амнияту суботи Ватани азизи худ содиқона хидмат мекунанд.Ҷамъомади тантанавии бахшида ба солгарди 20-уми таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар бо барномаи бошукӯҳи фарҳангӣ, ки аз ҷониби ҳунармандони касбӣ ва ҷавонону наврасони ҳаваскор бо шукӯҳи хоса намоиш дода шуд, ба поён расид.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Февраль 22, 2013 13:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад