Истеҳсоли маҳсулоти мувофиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ

Февраль 1, 2013 14:22

Душанбе, 1 феврал. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). – Корхонаи ҶММ КМ «Силкоат Боя» корхонаи муштарак буда, дар минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» воқеъ гардидааст ва он ба истеҳсоли ранг ва хокаҳои молиданӣ машғул мебошад. Дар соли 2012 корхона ба маблағи 3583,2 ҳазор сомонӣ маҳсулот, аз ҷумла 686,9 тонна андоза, 473,1 тонна ранг ва 34,3 тонна таҳранг истеҳсол намуд.Маҳсулоти корхона мувофиқ ба стандартҳои байналмиллалӣ истеҳсол гардида, ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар харидор дорад. Аз ҷумла, ба маблағи 23 ҳазор доллар ва ба маблағи 3,4 ҳазор доллар ба Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 99,3 тонна андозаи минералӣ содир шудааст.Дар ин бора аз котиботи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Февраль 1, 2013 14:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад