Истеҳсоли мех дар корхонаҳои саноатӣ афзуд
Душанбе, 1 феврал. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). – Дар доираи иқдоми Вазорати энергетика ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати зиёд кардани иқтидорҳои истеҳсолӣ ва истеҳсоли номгӯи нави маҳсулот дар корхонаҳои саноатии ҷумҳурӣ истеҳсоли мехи сохтмонӣ ба роҳ монда шуд. Соли 2012 дар КВДИИ «Тоҷиктекстилмаш» истеҳсоли мехи сохтмонӣ ташкил карда шуд. Иқтидори лоиҳавии истеҳсоли коргоҳи мазкур 15 тонна мехи сохтмониро дар як моҳ ташкил медиҳад. Хати технологӣ аз Ҷумҳурии Украина ба маблағи 25 ҳазор доллари ИМА ворид ва насб шудааст. Дар коргоҳ мехҳои андозааш гуногуни 80 – 120 мм истеҳсол гардида, нархи он назар ба маҳсулоти ҳамноми воридотӣ арзонтар мебошад. Дар моҳҳои ноябр ва декабри соли 2012 дар коргоҳи мазкур зиёда аз 7 тонна маҳсулот истеҳсол шудааст.Инчунин дар КВД «Садаф» низ дар моҳи июли соли 2012 коргоҳи истеҳсоли мехи сохтмонӣ ташкил шуд, ки иқтидори лоиҳавии коргоҳи мазкур 50 тонна мехи сохтмонӣ дар як моҳ мебошад. Хати технологӣ аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид гардида, маблағи он 100 ҳазор доллари ИМА – ро ташкил медиҳад. Дар давоми шаш моҳи соли 2012 дар коргоҳи мазкур зиёда аз 58 тонна мехи андозааш гуногун истеҳсол гардид. Дар ин бора аз котиботи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






