«Истиқлол» ба Кувайт меравад

Февраль 25, 2013 13:16

Душанбе, 25 феврал. (АМИТ «Ховар»). — Қаҳрамони дукаратаи кишвар оид ба футбол дастаи «Истиқлол» — и шаҳри Душанбе дар ҳошияи омодагӣ ба мусобиқоти Тоҷикистон дар соли 2013 машқҳои минбаъдаашро дар Кувайт мегузаронад. Дар ин бора президенти дастаи «Истиқлол» Шоҳрух Саидов дар сомонаи расмии клуби мазкур хабар дод. Мувофиқи суханони Шоҳрух Саидов, футболбозони дастаи «Истиқлол» баъди анҷоми мусобиқоти интихобӣ барои дарёфти Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё дар шаҳри Бишкек ҳамоно ба Кувайт мераванд. Шоҳрух Саидов ҳамчунин зикр намуд, ки ҷамъомади даҳрӯзаи таълимию тамринӣ аз 25 март то 5 апрел сурат мегиранд. Дар ин давра дастаи «Истиқлол» бо ду клуби футболи Кувайт вомехӯрад.

Февраль 25, 2013 13:16

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд