Кӯмаки ҷамъияти олмонӣ дар барқарорсозии инфрасохтори Хоруғ
Душанбе, 13 феврал. (АМИТ «Ховар»).- Ҷамъиятии олмонӣ оид ба ҳамкориҳои техникӣ (GIZ) барои барқарорсозии ҷӯйбори обёрии «Темур»-и шаҳри Хоруғ бо пешниҳоди Вазорати ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Олмон 170 ҳазор сомонӣ ҷудо намуд. Таҷдиди ҷӯйбор моҳи декабри соли 2012 ба анҷом расид. Тавре ки аз намояндагии ҷамъияти олмонӣ дар Тоҷикистон хабар доданд, таъмиру таҷдиди ҷӯйбори мазкур дар ҳамшарикӣ бо ҷамъияти кӯмаки башардӯстонаи Фокус, ташкилоти Оғохон оид ба рушд ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ анҷом дода шуд. Дар давраи тобистон ва тирамоҳи соли гузашта лоиҳаи GIZ «Идораи устувори захираҳои табиии Бадахшони Кӯҳӣ» ҳамчунин бо хоҳиши мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ дар таъмиру таҷдиди хатҳои обрасони шаҳр, ки сокинони маҳаллаҳои Хоруғро бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин мекунанд, кӯмак расонид. Ба ҷуз ин лоиҳа дар баргузории чорабиниҳои беҳдоштӣ дар шаҳр саҳми худро гузоштааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






