«Кайҳон аз нигоҳи ман»

Февраль 28, 2013 12:55

Хуҷанд, 28 феврал. (АМИТ «Ховар», С. Маҳкамов).-Дар планетарияи ҷумҳуриявии ба номи Абумаҳмуди Хуҷандии шаҳри Хуҷанд намоиш-озмуни рассомони навраси муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят баргузор гардид. Мақсади чорабинӣ бедор намудан ва ташаккули қобилияти эҷодии рассомони ҷавон нисбат ба илмҳои табиӣ ва кайҳоншиносӣ ба шарафи 170- солагии астроном ва ҷуғрофидони машҳури тоҷик Ҳоҷӣ Юсуф Мирфаёзов буд. Ба намоиш зиёда аз 50 нафар рассоми ҷавон аз муассисаҳои рассомии шаҳрҳои Хуҷанд, Исфара, Конибодом, Чкалов ва ноҳияҳои Ҷ.Расулов, Спитамен, Б.Ғафуров ва факултаи рассомию графикии ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров аз рўи панҷ мавзуъ роҷеъ ба кайҳон ва кайҳоншиносӣ, мусаввараҳои дастаҷамъона ва фаръии худро пешниҳод намуданд. Ғолибон бо дипломҳои дараҷаҳои 1-ум, 2-юм, 3-юм ва бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд. Намоиши расмҳо то охири моҳи феврали соли равон давом хоҳад кард.

Февраль 28, 2013 12:55

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд