«Мактаби беҳтарини сол»
Айнӣ, 28 феврал. (АМИТ «Ховар», С. Маҳкамов).-Дар ҷаласаи ҷамъбастии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ оид ба натиҷагирии озмуни «Мактаби беҳтарини сол»-и 2012 мактаби миёнаи деҳаи Шамтучи ноҳияи Айнӣ ғолиб дониста шуд. Дар соли таҳсили гузашта аз 28 нафар хонанда 19 нафараш ба макотиби олии кишвар дохил шуданд. Соли ҷорӣ 8 нафар хонандаи мактаби мазкур дар олимпиадаи вилоятӣ аз фанни биология иштирок намуда, бо 62 хол сазовори ҷойи 2-юм гаштанд. Аз ҷумла, 2 нафар муҳассилин тибқи квотаи президентӣ дар донишгоҳ ба таҳсил қабул гардида, ба олимпиадаи ҷумҳуриявӣ роҳҳат гирифтанд. Аз фанни таърих Нодира Аминова сазовори ҷойи 3-юм гардид. Дар ин бора мудири шуъбаи маорифи ноҳия Ғиёсуддин Шарипов иттилоъ дод.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






