Мавқеъ ва нақши Суди конститутсионии ҶТ дар Фаронса муҳокима гардид
Душанбе, 6 феврал. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонкулова).-Намояндагони Суди конститутсионии ҶТ таи чор рӯз дар шаҳри Париж дар конфронси байналмилалӣ дар мавзўи «Дастгирӣ бо мақсади ташаккули самти мустаҳкамнамоии меъёрҳои ҳуқуқ: нақши низоми адлияи франсавӣ, аврупоӣ ва субъектони ҳуқуқ» иштирок намуданд. Дар конфронс ҳамчунин намоядагони мақомоти судӣ, адлия ва дигар мақомоти гуногуни давлатии зиёда аз понздаҳ кишвари ҷаҳон ва намояндагони масъули мақомоти гуногуни ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Фаронса иштирок намуданд.Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз Суди конститутсионӣ хабар доданд, зимни сафари мазкур вохўрии намояндагони Суди Тоҷикистон бо намояндагони масъули Сенати Ҷумҳурии Фаронса, Шўрои конститутсионӣ, Суди кассатсионӣ, Шўрои давлатӣ, Вазорати корҳои хориҷӣ ва дигар намояндагони мақомоти давлатии Ҷумҳурии Фаронса доир гардид, ки дар он масъалаи марбут ба густариши фаъолияти мақомоти назорати конститутсионӣ баррасӣ шуда, ҷонибҳо дар хусуси мавқеъ ва нақши Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини волоияти Конститутсия ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ибрози андеша намуданд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






