Муаррифии барномаи «Рангинкамон»
Душанбе, 11 феврал. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).-Имрӯз дар Маркази рушди кӯдаки Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, дар ҳамкорӣ бо Пажуҳишгоҳи рушди маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон муаррифии Барномаи тарбия, таълим ва инкишофи кӯдакони синни томактабӣ «Рангинкамон баргузор гардид. Барномаи мазкур дар асоси «Стандарти давлатии таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2009) ва «Стандарти инкишоф ва омӯзиши барвақтии кӯдак (аз таваллуд то 7- солагӣ) (2010) коркард ва барои бароҳмонӣ дар таҷрибаи амалии кормандони тамоми муассисаҳои томактабии ҷумҳурӣ омода шудааст.«Таҳсилоти томактабӣ қисми таркибии таҳсилоти пайдарпай мебошад, ки дар раванди он таҳкурсии инкишофи шахсият гузошта мешавад. Дар синни кӯдакӣ ташаккули ҳамаҷонибаи ҷанбаҳои ҷисмонӣ, руҳӣ ва фикрии кӯдак, инкишофи нутқи ӯ ва равандҳои маърифатӣ, қобилият ва сифатҳои иҷтимоии муайян ба амал меоянд. Маҳз, барномаи «Рангинкамон» ҳалли масъалаҳои мазкурро дар мувофиқа бо хусусиятҳои синнусолии кӯдакон пешниҳод менамояд», — зикр намуд роҳбари гуруҳи корӣ, академик Ирина Каримова. Ба ҳайати гуруҳи корӣ мутахассисони пешбари Вазорати маориф, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва мудирони кӯдакистонҳо шомил гардидаанд. «Барномаи мазкур дар асоси таҳлили таҷрибаи амалии муассисаҳои томактабӣ, пешниҳоди мутахассисони таҳсилоти томактабӣ ва бо баҳисобгирии хусусиятҳои маданӣ-маишии ҷумҳурӣ мураттаб гардида, ба мураббиёни муассисаҳои томактабӣ имконият медиҳад, ки вазифаҳои муҳиме, ки бо тарбия, таълим ва инкишофи кӯдакони синни томактабӣ алоқаманд мебошанд, ҳалли худро ёбанд, инчунин мутассилии таҳсилоти томактабӣ ва ибтидоиро таъмин намояд» — гуфт муаллиф-мураттиб, аъзои гуруҳи корӣ, номзади илмҳои педагогӣ Л. Иматова.








Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд






