Мулоқот дар Вазорати молия
Душанбе, 14 феврал. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – 13 феврал дар шаҳри Душанбе мулоқоти вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов ва раиси Намояндагии Швейтсария оид ба ҳамкорӣ бо Тоҷикистон Питер Микула баргузор гардид. Тавре ки аз котиботи Вазорати молияи ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот натоиҷи рушди иқтисодии кишвар ва аҳамияти ба Созмони умумиҷаҳонии савдо ворид шудани Тоҷикистон, ҳамчунин дурнамои ҳамкории мутақобиларо муҳокима намуданд.Масъалаҳои расонидани кӯмаки молиявӣ ба Тоҷикистон ва мақоми созмонҳои молиявии ҷаҳонӣ дар ин самт низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Зимни мулоқот ҳамчунин масоили марбут ба сафари пешорӯи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, ки дар нимаи аввали моҳи марти соли ҷорӣ дар Тоҷикистон баргузор мегардад, мавриди муҳокима қарор гирифтнд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






