Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Роберт Блейк
Нимаи дуюми рӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Ёвари котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба масоили Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ Роберт Блейкро ба ҳузур пазируфт.Зимни баррасии маҷмӯи васеи масоили вобаста ба ҳамкории бисёрпаҳлӯи Тоҷикистону Амрико аз густариши робитаҳои судбахши ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда шуд.Роберт Блейк аз номи Ҳукумати Амрико ба Сарвари давлати Тоҷикистон ва мардуми кишвар барои нақши намоён дар таъмини амну суботи минтақа, мусоидати фаъол ба эҳёи ҳаёти осоишта дар Афғонистон ва рушди иҷтимоию иқтисодии ин кишвари азияткашида арзи сипос намуд.Ҳамчунин таъкид гардид, ки Амрико дастгирии худро аз тадбирҳои Тоҷикистон доир ба пурзӯр намудани мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир идома дода, ба он дар пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади давлатӣ бо Афғонистон ва таъминоти беҳтари моддию техникии нерӯҳои дахлдори кишвар мусоидати бештар хоҳад кард.Ҳамкорӣ доир ба татбиқи босамари барномаҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ низ аз мавзӯъҳои асосии суҳбат буд. Роберт Блейк Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро бо ворид шудани Тоҷикистон ба Созмони ҷаҳонии савдо табрик гуфта, ин рӯйдодро қадами муҳим барои ҳамроҳ шудани кишвари мо ба тиҷорати озоди минтақавию ҷаҳонӣ номид.Гуфтугӯи судманд ҳамчунин доир ба мавзӯи рушди ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ва ба таври озоду шаффоф ва одилона ба роҳ мондани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли равон сурат гирифт.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






