Мулоқоти И. Сатторов бо намояндагони Намоишгоҳи китоби Франкфурт

Февраль 5, 2013 12:21

Душанбе, 5 феврал. (АМИТ «Ховар»).- Чанд рӯз қабл Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон Имомудин Сатторов бо муовини президенти Намоишгоҳи байналмилалии китоби Франкфурт Тобиас Фосс ва Роҳбари бахши ташкилии ин идора Купска мулоқот намуд. Зимни суҳбат сафири Тоҷикистон оид ба вазъи табъу нашри китобҳо, дастовардҳои илмиву фарҳангӣ баъд аз соҳибистиқлолии Тоҷикистон ва ҳамкориҳои муваффақонаи фарҳангии Тоҷикистону Олмон иттилоъ дод. Т. Фосс қайд кард, ки Намоишгоҳи китоби Франкфурт (Frankfurter Buchmesse) яке аз бузургтарин намоишгоҳҳои китоби байналмилалӣ маҳсуб ёфта, ҳар сол як маротиба гузаронида мешавад. Дар намоишгоҳ зиёда аз 7400 нашриёту чопхона аз 100 кишвари ҷаҳон ширкат меварзад. Иштирок дар ин намоишгоҳ ба ширкаткунандагон ҷиҳати муаррифии китобҳо, ба роҳ мондани робитаҳои корӣ бо ширкатҳои нашр ва паҳнкунандаи китобу маҷаллаҳо, корхонаҳои истеҳсолкунандаи дастгоҳҳои муосири чопкунӣ, табодули малака бо мутахассисони соҳа, инчунин муаррифии дастовардҳои илмиву фарҳангии кишварҳо имкониятҳои беҳтаринро фароҳам меоварад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар»аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии ВКХ ҶТ хабар доданд.

Февраль 5, 2013 12:21

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд