Мулоқоти Намояндаи доимии Тоҷикистон бо ноиби Президенти Палатаи Федералии Австрия
Душанбе, 28 феврал. (АМИТ «Ховар»).-26 феврали соли 2013 Намояндаи доимии Тоҷикистон дар назди созмонҳои байналхалқӣ дар Вена, Кордори Сафорати Тоҷикистон дар Австрия Исматулло Насрединов бо ноиби Президенти Палатаи Федералии иқтисодии Австрия Ричард Шентс мулоқот анҷом дод. Р. Шентс ва И. Насрединов ба масъалаи таҳия ва ба имзо расонидани ҳуҷҷати дуҷониба миёни Палатаи Федералии иқтисодии Австрия ва Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, ки он барои ҳамкориҳои оянда дар соҳаи иқтисодӣ, савдо ва сармоя замина мегузорад, таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Ҷонибҳо ҳамчунин ба мувофиқа омаданд, ки робитаҳои мунтазам миёни Палатаи Федералии иқтисодии Австрия ва Сафорати Тоҷикистон дар Вена баҳри пешбарии муносибатҳои иқтисодии ҳарду кишвар давом дода шаванд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






