Мусодираи 75 кг маводи мухаддир

Февраль 7, 2013 17:28

Душанбе, 7 феврал. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Аз ҷониби кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ноҳияи Фархори вилояти Хатлон ва ноҳияи Шуғнони ВМКБ 3 кўшиши интиқоли маводи мухаддир пешгирӣ шуда, аз қочоқчиён зиёда аз 75 килограмм маводи нашъадор ва силоҳи оташфишон мусодира гардид.Аз маркази робитаҳои ҷамъиятии КДАМ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки 31 январ дар натиҷаи задухўрд бо гуруҳи 8 нафараи мусаллаҳ дар ҳудуди минтақаи сарҳадии «Кокул»-и ноҳияи Фархор қочоқчӣ Хайрулло валади Тухтар, сокини улусволии Рустоши вилояти Тахор безарар гардонида шуд. Тибқи маълумоти фаврии кормандони Гуруҳи фаврии РКДАМ ҶТ дар вилояти Хатлон қочоқчии дигар Сайфулло валади Муллоназар, сокини улусволии Дашти қалъаи вилояти Тахор ҳангоми фирор ба самти Афғонистон ба ҳалокат расида, ду нафари дигари аъзои гуруҳ ҷароҳат бардоштаанд. Зикр кардан бамаврид аст, ки Хайрулло валади Тухтар ва Сайфулло валади Муллоназар аз қочоқчиёни ашаддии минтақаи Дашти қалъаи Афғонистон маҳсуб ёфта, таҳти назорати мақомоти амнияти миллии кишвар қарор доштанд.Зимни азназаргузаронии ҷойи воқеа 2 кг. 600 грамм маводи мухаддири навъи героин, 8 килограмм афюн, 1 адад таппончаи тамғаи «Макаров» бо 1 тирдону 8 дона тир, 1 адад телефони мобилӣ дарёфт ва мусодира гардид.Дар ҷараёни ҳодисаи дигар, ки дар ҳудуди минтақаи марзии ноҳияи Фархор бо Афғонистон ба вуқуъ пайваст, кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Хатлон аз қочоқбарон 24 килограмм маводи мухаддир, аз ҷумла 11 килограмм ҳашиш ва 13 килограмм афюн дарёфт ва мусодира намуданд. Ҳангоми амалиёти муштараки кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ВМКБ, хизматчиёни ҳарбии Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ ва кормандони Раёсати корҳои дохилии ВМКБ дар ҳудуди деҳаи Виружаки ноҳияи Шуғнон аз қочоқбарони афғон 45 бастаи чоркунҷашакл бо вазни умумии 41 килограмм ҳашиш дарёфт ва мусодира гардид. Дар айни замон нисбат ба ҳодисаҳои мазкур парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Февраль 7, 2013 17:28

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд