Намоиши аксҳо аз таърихи равобити Чину Тоҷикистон
Душанбе, 27 феврал. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов).- Дар маркази шаҳри Пекин бахшида ба 20-умин солгарди нахустдидори сарони давлатҳои Чину Тоҷикистон намоиши аксҳо бо номи «Тоҷикистону Чин дар оинаи таърих» баргузор гардид. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии кишвар дар маросими ифтитоҳи ин чорабинӣ Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Чин Рашид Олимов, сафирони ҷумҳуриҳои Беларус, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Туркманистон ва масъулони Вазорати корҳои хориҷии Чину намояндагони давлатҳои дигар иштирок намуданд. Сафири Тоҷикистон дар оғози намоиш иброз намуд, ки «Бист сол қабл дар дидори таърихии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари вақти Чин Сзян Сзэмин заминаи устувор барои ҳамкориҳои ояндаи ду кишвар барои муддати дурудароз гузошта шуд ва то имрӯз ҳамкориҳои гуногунҷанбаи мо дар сатҳи баланд идома доранд ». Гуфта мешавад дар ин намоиш аксҳое ба маърази тамошо гузошта шудаанд, ки баёнгари ҳамкориҳои босуботи ду давлати дӯсту ҳамсоя ҳастанд. Намоиши аксҳо аз таърихи ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин то 14-уми март идома меёбад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






