Намояндаи ҳизби аграрӣ тарки курсӣ кард
Душанбе, 27 феврал.( АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Ваколати вакили Маҷлиси намояндагон, намояндаи ҳизби аграрии кишвар дар парлумон Рустам Латипов имрӯз бо қарори палатаи поёнии парлумони мамлакат пеш аз муҳлат қатъ шуд.Ҳамзамон ӯро аз ҳайати кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ ва экология ва аз ҳайати Комиссияи Маҷлиси намояндагон оид ба назорати дастур ва ташкили кор бароварданд. Дар як вақт Рустам Латиповро инчунин аз вазифаи роҳбари Комиссияи муваққатии экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карданд. Мавсуф чанде пеш бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Восеи вилояти Хатлон таъйин гашта буд. Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси намояндагон ба Р. Латипов барои фаъолияти пурмаҳсул дар бахши таҳия ва қабули қонуну санадҳо дар парлумони мамлакат изҳори сипос намуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






