Нашри “Далелҳо барои ҳаёт: ғизо ва инкишоф” бо забони тоҷикӣ
Душанбе, 7 январ. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-Имрӯз дар шаҳри Душанбе маросими муаррифии нашрияи “Далелҳо барои ҳаёт: ғизо ва инкишоф” баргузор гардид. Бояд гуфт, ки ба наздикӣ бо ташаббуси Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо ЮНИСЕФ нашрияи “Далелҳо барои ҳаёт: ғизо ва инкишоф” бо забони тоҷикӣ нашр гардид, ки он дар бораи беҳгардонии таҷрибаи ғизодиҳии кӯдакони хурдсол маълумот медиҳад. “Далелҳо барои ҳаёт” — нашрияи машҳури ҷаҳон аст, ки ба волидайн, парасторон ва ҷамоатҳо маълумоти муҳими бо натиҷаҳои илмӣ асосёфтаро баҳри тандурустӣ, нигоҳубин, рушд ва наҷотбахшии кӯдакон пешниҳод менамояд. Сардори раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оилаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Раҳматуллоев гуфт: “Маълумоти муҳим ва фаҳмои ин нашрия ба беҳгардонии дониши волидайн ва оилаҳо оид ба таваҷҷуҳ ба кӯдакон, додани шири модар, ғизои иловагӣ ва норасоии йод равона гардидааст”.Бояд зикр кард, ки бо ташаббуси ЮНИСЕФ нашрияи “Далелҳо барои ҳаёт: ғизо ва инкишоф” бо теъдоди 5000 нусха нашр шуд ва он ба марказҳои саломатии саросари мамлакат дастрас мешавад. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз хадамоти Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






