Нашри дуюми асари таҳлилии «Эмомалӣ Раҳмон дар оинаи замон»

Февраль 28, 2013 11:29

Душанбе, 28 феврал (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). – Дар нашриёти «Контраст»-и пойтахти ҷумҳурӣ нашри дуюми иловадори китоби нави таҳлилии нависандаи шинохтаи тоҷик Воҳид Ғаффорӣ ва мушовири калони Сарвари давлат оид ба сиёсати хориҷӣ Зафар Сайидзода таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон дар оинаи замон» бо забони тоҷикӣ ба хонандагон эҳдо гардид. ([attachment=10] [attachment=11]).   Муаллифон нашри дуюми асарро ба ҷашни Наврӯзи оламафрӯз бахшидаанд. Дар китоб фаъолияти Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси пешбару роҳнамои миллат, меъмори сулҳу субот дар кишвар ва рушди устувори он, густаришдиҳандаи худшиносии миллӣ ва бунёдгузори артиши миллии Тоҷикистон бо такя ба далелу маводи фаровон мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор гирифтааст.Ин асар, ки 512 саҳифа ва суратҳои рангаи таърихӣ дорад, ба хонанда имкон медиҳад, ки бо ҷанбаҳои муҳими таърихи навтарини сиёсии кишвар – пас аз Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — аз дидгоҳи илмию сиёсӣ ошноӣ пайдо намояд.

Февраль 28, 2013 11:29

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд