Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва низоми бонкии ҷумҳурӣ муътадиланд

Февраль 28, 2013 16:58

Душанбе, 28 феврал. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Раванди рушди нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва низоми бонкии ҷумҳурӣ дар моҳи январи соли 2013 дар сатҳи нисбатан муътадил қарор дошт.  Аз рӯи иттилои Бонки миллии Тоҷикистон, ҳаҷми ММД дар ин давра ба 2,1 млрд. сомонӣ баробар шуда, суръати рушди воқеии он 7,1 фоизро ташкил намуд. Рушди муътадил дар бахшҳои асосии иқтисодиёти кишвар аз қабили, гардиши савдои чакана — 12,2 фоиз, хизматрасонӣ — 9,4 фоиз, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ — 6,3 фоиз ва маҳсулоти саноатӣ — 5,0 фоиз ба қайд гирифта шуд. Сатҳи таваррум дар ин давра раванди муътадилро нигоҳ дошта, 0,5 фоизро ташкил намуд, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли қаблӣ ҳамагӣ 0,1 банди фоизӣ зиёд мебошад. Нишондиҳандаи мазкур дар маҷмуъ аз ҳисоби болоравии нархҳои хизматрасонии пулакӣ 1,7 фоиз, маҳсулоти хӯрокворӣ 0,4 фоиз ва маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ 0,2 фоиз ба миён омад. Ҳамзамон сатҳи таварруми солона (барои 12 моҳи охир) 6,5 фоизро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 1,2 банди фоизӣ кам мебошад. Тибқи таҳлилҳои мутахассисони БМТ дар моҳи январи соли равон сатҳи таварруми аслӣ 0,16 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,33 банди фоизӣ кам мебошад.

Февраль 28, 2013 16:58

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд