Падидаи нек

Февраль 19, 2013 11:25

Душанбе, 19 феврал. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).- «Асири зиндагӣ»- чунин ном дорад китоби адибаи ҷавону умедбахш Махфират Юсуфӣ, ки аз тариқи нашриёти «Шаҳпар» дастраси хонандагон гардид. Дар китоб шеъру ғазалҳои пурмазмуни дар солҳои охир эҷоднамудаи Махфират Юсуфӣ ва як қиссаи ҷолибу хондании ӯ бо номи «Доғи дил» мунташир ёфтааст. Хонандагон Махфират Юсуфиро қаблан бо маҷмӯаҳои «Гаҳворабони ғам», «Гули ёс», «Гӯётар аз садо», «Печутоби сарнавишт» мешиносанд. Махфират Юсуфӣ узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буда, муҳарририи барномаҳои «Субҳ»-и радиои Тоҷикистонро ба зимма дорад.

Февраль 19, 2013 11:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид