Пешгирии қонуншикании наврасон
Душанбе, 15 феврал. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-Вобаста ба пешгирии қонуншиканӣ аз ҷониби наврасону ҷавонон, гаравидани онҳо ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ва дигар масъалаҳо имрӯз дар Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов ва раиси Кумитаи давлатии амнияти милллӣ генерал-лейтенант Саймуъмин Ятимов бо аҳли маориф доир гардид. Зимни вохӯрӣ вазири корҳои дохилӣ ва раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамкории мактабу маориф бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва риояи ҳатмии Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» суҳбатҳои судманд анҷом дода, вобаста ба душвориҳо ва масъалаҳое, ки дар ин самт ҷой доранд, ба саволҳои устодону аҳли маориф посухҳои мушаххас доданд.Ҳамчунин дар нишаст масъалаҳои роҳу воситаҳои муосири ҷалби ҷавонон ба омӯзиши илму маърифат, машғул шудан ба варзиш, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллии насли умедбахши ҷомеа таклифу пешниҳодҳои муфид иброз шуданд.Зикр шуд, ки танҳо дар якҷоягӣ метавон ҳадафҳои созандаву самарабахшро ба даст оварда, ҷавонону наврасонро дар ин руҳия тарбия намуд ва онҳоро аз роҳи хатову ҷинояткорона боздошт.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






